Оғози машваратҳои иттилоотӣ барои аҳолӣ

Октябрь 16, 2014 11:22

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Гурӯҳҳои кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд, ки мақсади асосиашон бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. 
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, мулоқот бо аҳолӣ ва ташкили машваратҳои иттилоотӣ бо аҳолӣ 14-уми октябр оғоз ёфт. Дар ин рӯз гурӯҳи корӣ дар литсейи касбии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ва маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов бо аҳли ҷомеа вохӯрд.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ дар радифи намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зиёда аз 300 нафар намояндаи табақаҳои мухталифи аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов намояндагони ҳамаи 6 ҷамоати деҳоту шаҳрак-Пролетар, Ғӯлакандоз, Гулхона, Деҳмой, Сомониён ва Ҳаёти нав, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, аз қабили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, беморхонаи марказии ноҳия, шуъбаи маориф, нашрияи ноҳиявӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи хишт ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар толор ҷамъ омаданд. Масъулини чорабинӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар радифи фаъолон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо низ ширкат кунанд. 
 

Октябрь 16, 2014 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад