Оҳангҳои З.Шаҳидӣ дар Симпозиуми ҷаҳонӣ танинандоз мешаванд
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова ). – Аз 18 то 26 октябр дар Консерваторияи Маскав ба номи Чайковский Симпозиуми байналмилалии «Харитаи мусиқии ҷаҳон» баргузор мегардад. Фарҳангу шарқшиноси Тоҷикистон Мунира Шаҳидӣ дар ҳузури иштирокдорони симпозиум таҳти унвони «Санъат ва ҷаҳонбинӣ» гузориш медиҳад.
«Ман дар симпозиум аз ҳаёту эҷодиёти бастакори бузурги тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, ки асарҳояш то имрӯз дар Ҳиндустон, Эрон, Британияи Кабир ва кишварҳои дигари ҷаҳон мавриди истифода қарор доранд, нақл мекунад», — гуфт Мунира Шаҳидӣ. Мавсуф зикр намуд, ки гузориш бо ҳамовозии асарҳои мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки имсол таҳти васояти ЮНЕСКО 100 – солагии Зиёдулло Шаҳидӣ таҷлил мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






