Омода намудани кадрҳои баландихтисоси иқтисоди миллӣ
Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Имрӯзҳо барои сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё шудааст»-, гуфт вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода имрӯз зимни вохӯрӣ бо директори генералӣ оид ба робитаҳои хориҷии Вазорати федеролии илм, тадқиқот ва иқтисоди Австрия-раиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ Франтс Вессиг, ки ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Австрия ташриф овардаанд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди содирот, сайёҳӣ, иқтидори истеҳсолии ҷумҳурӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳоти мухталифи иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






