Пӯшидашавии ҷашнвораи шашуми байналмилалии «Дидор»

Октябрь 20, 2014 09:55

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз  маросими пӯшидашавии синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» бо ширкати синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дирӯз, 19-уми октябр дар кинотеатри Зебуннисо, аз ҷумла дар толори калон филмҳои истеҳсоли синамогарони Гурҷистон, Қазоқистон, дар толори хурд- филмҳои синамогарони Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон пешкаши ҳаводорони олами синамо гардид.
Имрӯз, 20-уми октябр маросими пӯшидашавии синамобазм дар Кохи Ҷомӣ доир мегардад ва дар он филми «Муаллим»-и Носир Саид ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин дар ин рӯз мизи гирд доир мегардад. Дар мизи мудаввар масъалаҳои кино дар мамлакатҳои Осиё баррасӣ мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки ҷашнвораи «Дидор» соли 2004-ум  таъсис ёфта, имсол даври шашуми он баргузор гардид.
 

Октябрь 20, 2014 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад