Пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон содир мешаванд аз қабили дуздӣ, авбошӣ, задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва инчунин пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар амалҳои номатлуб ҳафтаи равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати ҶТ дар мактабҳои таҳсилоти умумии №67 ва №73-и ноҳияи Сино бо хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарони онҳо вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Шӯъбаи корҳои дохилии н. Сино, кормандони беморхонаи марказии касалиҳои пӯст, Ассотсиатсияи ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии ҷавонони раванди рушд, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ аз тарафи мутахассисон барои пешгирии амалҳои номбурда ба волидони хонандагон маслиҳатҳо дода, хонандагонро ба арҷгузорӣ аз ободии Ватан, меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ташвиқ намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






