Пешвозгирии варзишгарони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе

Октябрь 8, 2014 12:01

Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе варзишгарони тоҷик  —  Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубиро масъулини соҳаи варзиш, наздикону хешвандон ботантана пешвоз гирифтанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, 1-уми октябр Фарҳод Неъматов дар сабқати таэквондо ВТФ байни мардон дар вазни то 80 кило рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнам ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро  шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале вай дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон шикаст хӯрд ва мақоми севумро касб кард.
Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар вазни + 87 кг бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал Алишер аз Дмитрий Шохин аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд. Алишер низ мақоми севумро азони худ кард.
Ёдовар мешавем, ки нахуст Дилшод Назаров  дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Залимхон Юсупов дар сабқати гӯштини озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Инчунин дар сабқати таэквондо миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кило ба мунтахаби Тоҷикистон медали биринҷӣ овардааст. Вай, ки дар Донишкадаи варзиши Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи таэквондо таҳсил мекунад, он ҷо монд.
Гуфта мешавад, ки бозиҳои XVIII Осиё баъди чаҳор сол (2018) дар Индонезия баргузор хоҳанд шуд
 

Октябрь 8, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад