Президент 14 октябрро Рӯзи соҳибкорон эълон кард

Октябрь 14, 2014 14:56

Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил  мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо соҳибкорон ва саромоягузорони кишвар, ки 14 октябр дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад» доир гардид,  гуфт, ки : «Ба хотири заҳматҳои кашидаи шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14 — уми октябр дар мамлакат рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад».        
          Сарвари кишвар зимни суханронияш соҳибкорону сармоягузоронро қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон  арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки: «Ҳадафи асосии мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон табодули афкор бо мақсади идома додани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорист». 

Октябрь 14, 2014 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад