Президенти ҶТ: Ҳалли масоили обу энергетика муҳим аст
Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Дирӯз, 27 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Форуми якуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Бонки исломии рушдро даъват намуд, ки ба масоили рушди инфрасохтори нақлиёт, энергетика, савдо, афзун намудани имконоти истеҳсолию содиротӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва такмили мақоми соҳибкории хурду миёна дар бахши сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Президенти кишвар иброз дошт, ки дар робита бо ин ҳалли самарабахши масоили обу энергетика муҳим аст. Минтақаи Осиёи Марказӣ бо захираҳои обу энергетика ғанӣ буда, аз рӯи истеҳсоли неруи барқ ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.
Президенти Тоҷикистон ба сураи Қуръони маҷид, ки дар он сухан дар бораи ёрии мутақобилаи мусулмонон меравад, истинод карда, мақоми муҳими Созмони ҳамкории исломиро дар амри сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои нисбатан қашшоқи узви созмони мазкур қайд намуд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар ҳошияи ҳамкории кишварамон бо созмонҳои исломӣ 53 лоиҳаи сармоягузорӣ дар амал татбиқ гардида, 41 — тои онҳоро Бонки исломии рушд ба маблағи умумии 348 миллион доллар дастгирӣ кардааст.
«Дар ҳоли ҳозир Бонки исломии рушд якҷоя бо созмонҳои дигари исломӣ дар кишварамон 11 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 300 миллион долларро дар амал татбиқ менамояд», — гуфт ӯ.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






