Риояи қонун-кафили зиндагии шоиста

Октябрь 21, 2014 09:42

 
   Душанбе, 21.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар муассисаи таълимии №3-и шаҳри Чкалов тибқи нақшаи муштараки масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов, прокуратураи шаҳр ва  шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Чкалов бо аҳолии маҳаллаҳои “Ғалаба” ва “Бӯстон” дар мавзӯи     “Риояи қонун-кафили зиндаигии шоиста” вохӯрӣ баргузор гардид.   Мудири бахш оид ба корҳои дин-Мамнури МЭЛС аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва дигар қонунҳои амалкунанда ёдовар гардида, моҳияти онҳоро ба саҳми иштирокдорон расонид.
Тавре ки зикр гардид, дар баробари қабули  қонунҳои мазкур ва сабукӣ  овардан ба мардум дар баргузории маъракаҳо ҳоло ҳам бархе аз шаҳрвандон дар баргузории маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.
Зикр шуд, ки феълан дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷид мавҷуд буда, шумораи зоирон  марзи 200 ҳазорро убур намудааст.
Бекмурод Самиев, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр  аз фирефташавӣ ва гаравидани  бархе аз шаҳрвандон ба ҳар  гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ  изҳори таассуф намуда, ҳозиринро  ба расидан ба қадри тинҷиву  осоиштагӣ ва давлату давлатдорӣ  ҳидоят намуд.
Дар назар аст пагоҳ чунин мулоқот дар ҷамоати шаҳраки Палос бо аҳолӣ сурат гирифта, силсилаи мулоқотҳо дар маҳаллаҳои шаҳр то 3-юми ноябр доир шаванд.
Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри  Чкалов хабар дод.
 
 
 

Октябрь 21, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад