Сафари соҳибкорон ба Беларус
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук вохӯрӣ намуд. Раҷаббой Аҳмадзода аз вусъати ҳамкории соҳибкорон ва ширкатҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Беларус изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гардиши молу маҳсулоти корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд соли гузашта 15,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он 4,3 фоиз аз ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷиро ташкил медиҳад.
Асосан аз кишвари Беларус ба шаҳри Хуҷанд қанду шакар, доруворӣ, маводи истеҳсоли ҷиҳоз ва худи ҷиҳоз (мебел), воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин маҳсулоти қолинӣ ва атриёт ворид мешаванд.
Ба Ҷумҳурии Беларус аз маркази вилоят меваҳои гуногун, ресмон ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ содирот мешаванд.
«Дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳою захираҳои зиёди ҳамкорӣ бо ин кишвар мавҷуданд. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли мебел дар асоси коргоҳи мебели шаҳри Хуҷанд, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ сарчашмаҳои нави ҳамкории манфиатовар буда метавонанд. Шаҳри Хуҷанд бо шаҳри Могилёв бародаршаҳр гашт ва нақшаи сафари соҳибкорон ба кишварҳои ҳамдигар рӯи кор омадааст»,- иброз дошт раиси шҳри Хуҷанд.
Олга Гаврук иттилоъ дод, ки барои таҳкими ин ҳамкориҳо ӯро ҳайати роҳбарияти яке аз ширкатҳои бонуфузи кишвараш, ширкати истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии «Алютех» ҳамроҳӣ менамояд, ки натиҷаи ҳамкории шаҳри Хуҷандро бо Ҷумҳурии Беларус устувор хоҳад кард. Намояндаи ширкати номбурда дар давоми як моҳ дар шаҳри Хуҷанд заминаҳои ҳамкориро меомӯзад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






