Сарқонун- бахтномаи миллат
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бахшида ба 20 — солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 — солагии ташкили мақомоти судии кишвар дар шаҳри Истаравшан конфронс дар мавзӯи «Сарқонун- бахтномаи миллат» доир гардид.
Бояд гуфт, ки дар конфронс роҳбарияти шаҳр ва роҳбарони мақомоти судӣ, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорону кормандони соҳа иштирок намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар охири конфронс ба як гурӯҳ кормандони Суди шаҳр ва машваратчиёни ҷамъятии он Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






