Саршумори қутосҳои Камол ба 300 сар расид

Октябрь 20, 2014 11:26

Хоруғ, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ноҳияи Мурғоб макони аслии парвариши қутос ба шумор меравад. Сокинони ин минтақаи баландкӯҳ ҷиҳати парвариши ин зоти чорво, афзоиши саршумор ва баланд бардоштани маҳсулнокии он таҷрибаи зиёд касб намудаанд.
 Инро метавон аз фаъолияти оилаи Камол Сафаров мисол овард, ки рӯзгорашро бо рушди соҳа беҳтар гардондааст.
      Аз рӯи маълумотҳои раёсати кишоварзии ВМКБ дар айни  ҳол дар тамоми шаклҳои хоҷагидории вилоят 24 ҳазору 292 сар қутос парвариш меёбад, ки 19 ҳазору  662 сари он ба ноҳияи Мурғоб рост меояд. Қисмати зиёди саршумори қутосҳо хусусӣ буда, фақат 6 ҳазор сар ба хоҷагиҳои давлатӣ тааллуқ дорад. Дар хоҷагии Камол Сафаров 300 сар қутос ва 1500 сар моли майда парвариш меёбад.
Хоҷагии мазкур имконият дорад, ки аз шири қутос қаймоқ, равған ва қурут тайёр намояд. 
 
 

Октябрь 20, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад