«SHERATON»-ро аз пардохти андозҳо озод карданд
Душанбе, 02.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони Парлумони Тоҷикистон меҳмонхонаи панҷситорадори навбунёди «SHERATON» -ро аз пардохти андозҳо, аз қабили андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, ки дар маҷмӯъ 8,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, озод карданд. Дар иртибот ба ин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» илова ворид намуданд.
Зимни шарҳи масъалаи мазкур Аъламхон Наимӣ Қодириён-муовини вазири молияи ҷумҳурӣ дар Парлумон гуфт, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ дар буҷети давлатии солҳои 2009-2013 фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони меҳмонхонаи мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд ва инчунин вороидоти молҳо барои сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2013 номгӯй ва ҳаҷми молҳои барои сохтмони меҳмонхона воридшаванда 541 намуд озод гардида буданд, ки бо назардошти омилҳои гуногун дар соли молиявии 2013 ҳамагӣ 32 намуди молҳо ворид шудаанд. Дар маҷмӯъ, 509 намуди мол ворид нашуд, ки ин боиси дар вақти муайянгардида ба анҷом нарасонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур гардид.
Аъламхон Наимӣ афзуд, ки дар соли 2014 барои бунёди меҳмонхонаи мазкур ба маблағи 37 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ ва дигар таҷҳизот ворид карда шуд, ки аз он андоз аз арзиши иловашуда 7,6 миллион сомониро ташкил додааст. 1,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчиёни асосӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти молҳо барои меҳмонхонаи « SHERATON» ҳамчун дастгирии давлатии молиявӣ маҳсуб ёфта, барои пазироии меҳмонон, гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам меорад. Ва ҳадафи ворид намудани илова ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ба меҳмонхонаи навбунёди панҷситорадори «SHERATON» аст.
Меҳмонхонаи панҷситорадори ««SHERATON», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 48 ба маблағи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии «СИ ЭЙ ЧЕЛ»-и Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 утоқи дараҷаҳои мухталиф буда, барои қабули ҳама гуна меҳмон, то ба меҳмонони сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст.
Меҳмонхона ҳамчунин дорои толорҳо барои маҷлису гуфтушунидҳо, маҳфилу шабнишиниҳо, 2 тарабхона, толорҳои мухталифи варзишию солимгардонист. Дар остонаи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аниқтараш шоми 6 сентябр меҳмонхонаи «SHERATON» дар маросими ботантана бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.