Шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ва мулоқот бо мардуми ноҳияи Панҷ
Душанбе, 5.10.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар хоҷагии деҳқонии Ҷонони ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсули кори кишоварзон бевосита шинос шуда, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Панҷ мулоқот намуд.Зимни шиносоӣ бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Ҷонон, аз ҷумла зикр гардид, ки ин хоҷагӣ 8 га замин дар ихтиёр дорад ва дар 4 гектараш пахта кишт намудаанд. Чунонки аён гардид, нашъунамои пахтаи хоҷагӣ хуб аст ва деҳқонон бовар доранд, ки аз ҳар гектараш 40 сентнерӣ ҳосил мегиранд.Дар 4 гектари дигар ғаллакорию сабзавотпарварӣ, аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад.Дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки солҳои охир сабзавоткорӣ, хусусан парвариши сабзавоти барвақтӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти афзоиши бесобиқаи талабот ба сабзавоти барвақтӣ, хусусан картошка ва пиёзу сабзӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, майдони кишти ин зироатҳо дар ин ва дигар ноҳияҳои кишвар васеъ карда шавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори чорводорону парандапарварони ноҳияи Панҷ баҳои баланд дода, ба вусъати боз ҳам бештари ин корҳо таъкид намуд.Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Панҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани майдони кишти сабзавоти барвақтӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






