Шиносоии Қ.Расулзода бо корҳои омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор

Октябрь 17, 2014 17:19

Душанбе, 17.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни  корҳои омодагӣ ба таҷлили  ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуд.
  Ҳайати кумитаи тадорукоти  ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ноҳия нахуст аз  маҳали  сохтмони маҷмӯи биноҳои истиқоматии баландошёна дидан кард. Сарвазири мамлакат ба масъулони ширкатҳои сохтмонию маблағгузорон  барои бартарафсозии камбудиҳо  ва вусъати корҳои сохтмонию беҳтар намудани сифати корҳо ба  муддати як моҳ муҳлат дод.
Сипас ҳайати корӣ бо сохтмони роҳи марказии ноҳия дар пайванди шоҳроҳи асосии мошингарди Душанбе -Турсунзода, варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, гимназияи президентӣ барои 640 хонанда, чойхона, осорхона, китобхона ва Қасри фарҳанги ноҳия шинос шуд. Тавре ки таъкид гардид, дар маҷмӯъ суръати корҳои сохтмонӣ дар аксари ин  иншооти асосии ҷашнӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашудааст. Аъзои кумитаи тадорукот баъдан аз маҳали сохтмони беморхона барои 205 кат, зеристгоҳҳои барқи Ҳисор ва Шаҳринав дидан карда, бо ҷараёни  таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обу корезии ноҳия ва таъмиру таҷдиди Қалъаи Ҳисор шинос шуданд.
Ҷараёни шиносоии ҳайати корӣ бо ҷараёни омодагиҳо дар маҷлиси сайёри кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир  Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар маҷлиси сайёри кумитаи тадорукот Сарвазири мамлакат таъкид бар он дошт, ки дар партави тавваҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни  3000- солагии Ҳисор бояд вусъати корҳои омодагӣ ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари Давлат дар сатҳи баланд таъмин шаванд. Аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявию ноҳиявӣ ҳамзамон  вазифадор шуданд, ки ҳамаҷониба ба раванди пешбурди корҳои омодагӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии ноҳияи Ҳисор мусоидат намоянд. 
 
 

Октябрь 17, 2014 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд