Шиносоии Президент бо кори намунавии хоҷагии деҳқонии Навбаҳор

Октябрь 7, 2014 14:08

Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии Навбаҳор бевосита шинос шуд.
 
Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ 22 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 га пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.
 
Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум корида шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва бовар доранд, ки аз шолӣ ҳам 50 сентнерӣ ба даст меоранд, зеро ҳосили он фаровон аст.
 
Шолии ин хоҷагӣ аз кӯчати он ба таври дастӣ дона-дона шинонда мешавад.
 
Ба иттилои роҳбарияти ноҳия дар 1,5 ҳазор га заминҳои ин ноҳия шолӣ кишт карда шудааст ва аксари ин заминҳо ҳосили фаровон доранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ 7-8  ҳазор тонна шолӣ бояд рӯёнда шавад.

Октябрь 7, 2014 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд