Шоҳбонуи Дания Рӯзи эмгузарониро ифтитоҳ менамояд
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 23 октябр, Улёҳазрат, Шоҳбонуи Дания Мэри барои пешбурди ҳифзи модару кӯдак ва эмгузаронӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора аз Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, Шоҳбонуи Дания ба ҳайси сарпарасти Дафтари минтақавии сарпарастии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст. Мавсуф ҳамроҳи директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Жужанна Якаб бо ҷараёни фаъолияти низоми тандурустии кишвар ва ҳамкории байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон шинос мешавад.
Улёҳазрат дар ҳошияи сафари серӯзаи расмиаш, ки 25 октябр анҷом меёбад, бо шахсони расмӣ, аз ҷумла намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои СММ ва ҷамъияти мададгорону кормандони соҳаи тиб вохӯрда, аз чанде муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла беморхонаи педиатрӣ, Маркази офиятбахшии кӯдакони ноҳияи Варзоб, Маркази миллии тансиҳатӣ ва хонаи тандурустии ноҳияи Ваҳдат дидор мекунад.
Ҳамчунин суханронии Улёҳазрат дар Форуми тандурустӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар назар аст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






