Шуъбаи ИНТ дар Бадахшон 20 сола шуд

Октябрь 22, 2014 15:57

Хоруғ, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Имсол ба таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 80 ва ба таъсиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон расо  20 сол пур мешавад.
Ҳанӯз вақте ки дар Тоҷикистон Иттифоқи нависандагон ба ҳайси як ташкилоти давлатӣ фаъолият дошт, дар Бадахшон ба  сабаби  маҳдуд будани  фазои адабӣ иттифоқи номбурда шуъбаи худро надошт. Танҳо дар аввали солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо иқдоми Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд мактаби адабии шоирону нависандагон таъсис дода шуд ва  он истеъдодҳоро аз ҳар канори вилоят гирд овард.
Бо раҳнамоӣ ва кумаки устод Ширин Бунёд бархе аз шоирон, шогирдони ин мактаб ба майдони бузурги адабиёти тоҷик роҳ  ёфта, ба узвияти иттифоқ пазируфта шуданд. 
    Соли 1994 шумораи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба 5 нафар расид, ки ин теъдод заминаи таъсиси бахши бадахшонии ИНТ-ро зери сарпарастии  Ш. Бунёд  фароҳам овард. 
Соли 2011 устод Ш. Бунёд аз олам даргузашта, сарварии бахш ба  уҳдаи аъзои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан вогузор шуд. 
    Дар айни замон дар ин бахш беш аз  30 нафар шоиру нависанда ба эҷод машғул буда, 11 нафараш узви ИНТ  мебошад.

Октябрь 22, 2014 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад