Спитамен: «Сарқонун-роҳнамои халқ»
Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ноҳияи Спитамен бахшида ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ таҳти унвони «Сарқонун-роҳнамои халқ» баргузор гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин ҳамоиш масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, маориф ва тиб, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолон иштирок карданд.
Иштирокдорон оид ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва таърихии Ватан, ифтихори ватандорӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки Сарқонун ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






