Суғд: зарар аз сӯхтор зиёда аз 2 млн. сомонӣ
Хуҷанд, 23.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд 260 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 260 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омада, маблағи зарари он 2 миллиону 340 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар натиҷаи ин миқдор сӯхтор 6 нафар ҳалок гашт. Сабабҳои асосии сар задани сӯхтор — ин беэҳтиётӣ нисбат ба истифодаи таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ ва нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ мебошанд. Инчунин дар ин давра дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд 39 адад сӯхтор рух додааст, ки маблағи зарари он 190 ҳазор сомониро ташкил дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






