Таҷлили 100-солагии З.Шаҳидӣ дар Душанбе
Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷаласаи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО рӯйхати ҷашнвораҳо ва зодрӯзи шахсони маъруфе, ки аз ҷониби созмони ЮНЕСКО солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, тасдиқ гардид. Дар рӯйхати мазкур 4 номгӯй аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст. Яке аз онҳо ҷашни 100- солагии оҳангсози шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Зиёдулло Шаҳидӣ 14 майи соли 1914 дар оилаи маорифпарвар таваллуд шудааст. Падараш Муқаддас Шаҳидӣ шахси соҳибкалом буда, якчанд забонро медонист. Дар оилаи Шаҳидӣ ба адабиёт ва мусиқӣ шавқу рағбати зиёд доштанд, аз ҳамин сабаб дӯсторони санъати воло дар хонаи Муқаддас барои хондани шеъру суруд ҷамъ омада, маҳфилҳо меоростанд. Маҳз ҳамон ҷамъомадҳое, ки дар хонаи Муқаддас Шаҳидӣ мегузаштанд, барои Зиёдуллои хурдсол дар роҳи санъат мактаби аввалин гаштанд. Бахшида ба ҷашни 100-солагии устод Шаҳидӣ мактаби устод доир ба зиндагӣ ва эҷодиёти Шаҳидӣ ду конфронс баргузор намуд. Консерваторияи миллии Тоҷикистон як чорабинӣ гузаронид ва ҳатто бойгонии давлатӣ мавод дарёфт намуда, дар як конфронс онҳоро пешкаши ҷомеа намуд. Дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода низ як конфронс доир гардид. Дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Комде ва мадан»-ро ба тамошо гузошта, инчунин як консерти асарҳои барои фортепиано эҷоднамудаи устодро намоиш доданд. Бояд гуфт, ки дар сатҳи муассисаҳо корҳо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Баъди ин чорабиниҳо ҷомеа гӯё аз нав эҷодиёти устодро кашф намуда истодааст. Чанде қабл бунёди устод Шаҳидӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Харитаи фарҳанги мусиқии ҷаҳон», ки аз 18 то 25 октябр дар шаҳри Маскав доир шуд, иштирок кард. Як рӯзи ин конфронс ба ҷашни 100-солагии устод Шаҳидӣ бахшида шуд.
Маъракаи дигари ҷаҳонӣ рӯзҳои 8-9 ноябр дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир баргузор мегардад, ки дар он духтари устод Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ дар мавзӯи «Фикру фанни З. Шаҳидӣ» маърӯза хоҳад кард.
Аз ҷумла, имрӯз 30-юми октябр дар толори консертии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ бахшида ба 100-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки дар маҳфили мазкур барномаи консертӣ аз осори Зиёдулло Шаҳидӣ ва Фозил Солиев садо медиҳад.
Ҳамчунин оҳангсозон ва мусиқанавозон бо оҳангҳои марғубу дилнишин табъи ҳозиринро болида мегардонанд.
Ёдрас мешавем, ки Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи Комде ва Мадан буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли 1961 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ гардид ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт. Зиёдулло Шаҳидӣ 25 феврали соли 1985 оламро падруд гуфт. Ӯ дар зиндагии пурбори худ кӯшиш ба харҷ дод, то ба насли оянда аз худ асарҳои зиёд боқӣ гузорад.
Ҳунармандони машҳури Тоҷикистон ва берун аз он то имрӯз аз эҷодиёти Шаҳидӣ истифода бурда, сурудҳояшонро бо навои ӯ месароянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






