Таълифи Маҷалаи илмӣ- оммавӣ ва бадеӣ- публитсистии «Душанбе»
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Шумораи чоруми маҷаллаи илмӣ- оммавӣ ва бадеӣ-публитсистии «Душанбе» рӯи чоп омад.
Маҷаллаи мазкурро Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нашр намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин шумораи маҷалла «Суруди Душанбе»-и Камол Насрулло, романи «Тулӯъ аз ғуруб»-и Аброри Зоҳир, очерки «шоир-муҳофизи Ватан»-и Муҳаммадалӣ Саидмуродов гирдовардӣ шудаанд.
Ҳамчунин хотирнишон месозем, ки рӯзҳои наздик романи нави нависандаи маъруфи кишвар Аброри Зоҳир бо номи «Ҷомӣ» рӯи чоп меояд.
Мавриди зикр аст, ки романи таърихии «Ҷомӣ» панҷумин романи нависанда аст.
Инчунин нависанда романи «Шикасти зулмат»-ро таълиф намудааст, ки дар бораи Абурайҳони Берунӣ қисса мекунад. «Тулуъ дар ғуруб» асари дигари таърихии муаллиф буда, зиндагии як ҷосуси даврони ҷангро ҳикоят мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






