Тантанаҳои идона бахшида ба 90-солагии пойтахт
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2 сентябри соли 2014 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе» базми идона доир мегардад.
Ба қавли манбаъ 14 октябр соати 17:00 ҳунармандони ансамблҳои «Сомон», «Лола» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар майдони «800-солагии Маскав», 15 октябр соати 17:00 ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон, коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов дар Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», 16 октябр соати 17:00 ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Ҷаҳоноро» ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар Боғи фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон» барномаи рангини консертиро манзури тамошобинон мегардонанд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






