Таъсиси сехи истеҳсоли макарон дар Қайроққум

Октябрь 11, 2014 10:44

Душанбе, 11.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-   Зимни сафари корӣ дар шаҳри Қайроққум раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ дирӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ин минтақа, аз ҷумла корхонаи  истеҳсоли ордии ҶДММ «Чархи гандумин» ошноӣ пайдо намуд. 
Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 90 тонна гандумро дорад. Дар корхонаи орди ҶДММ «Чархи гандумин» 20 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шуд. Корхона навъҳои 1-2-юми орд ва хӯрок барои чорворо истеҳсол мекунад. Ордҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Дар идомаи сафари хеш Абдураҳмон Қодирӣ аз корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Хубон» боздид ба амал овард.  Дар ин корхона 17 нафар ба кор фаро гирифта шуда, дар як шабонарӯз 60 тонна гандум коркард  мешавад. Роҳбари ҶДММ «Хубон» зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар корхона сехи макарон таъсис дода мешавад.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи пахтатозакунии ҶДММ «Сидней- Хуҷанд» аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Корхона дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 33 тонна пахтаро дорад. Дар корхона 16 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст.
Абдураҳмон Қодирӣ аз корхонаи паррандапарварии ҶДММ «Дӯстон» низ дидан намуд. Дар корхонаи мазкур 10 ҳазор мурғ парвариш ёфта, ҳамарӯза зиёда аз 7 ҳазор дона тухм ба бозорҳои дохилии шаҳр ва  навоҳии вилоят, аз ҷумла, Хуҷанд, Чкалов, Б. Ғафуров бароварда мешавад.  Дар корхонаи ҶДММ «Дӯстон» 20 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст.

Октябрь 11, 2014 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад