Таъсиси сехи истеҳсоли макарон дар Қайроққум
Душанбе, 11.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Зимни сафари корӣ дар шаҳри Қайроққум раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дирӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ин минтақа, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли ордии ҶДММ «Чархи гандумин» ошноӣ пайдо намуд.
Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 90 тонна гандумро дорад. Дар корхонаи орди ҶДММ «Чархи гандумин» 20 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шуд. Корхона навъҳои 1-2-юми орд ва хӯрок барои чорворо истеҳсол мекунад. Ордҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Дар идомаи сафари хеш Абдураҳмон Қодирӣ аз корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Хубон» боздид ба амал овард. Дар ин корхона 17 нафар ба кор фаро гирифта шуда, дар як шабонарӯз 60 тонна гандум коркард мешавад. Роҳбари ҶДММ «Хубон» зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар корхона сехи макарон таъсис дода мешавад.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи пахтатозакунии ҶДММ «Сидней- Хуҷанд» аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Корхона дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 33 тонна пахтаро дорад. Дар корхона 16 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст.
Абдураҳмон Қодирӣ аз корхонаи паррандапарварии ҶДММ «Дӯстон» низ дидан намуд. Дар корхонаи мазкур 10 ҳазор мурғ парвариш ёфта, ҳамарӯза зиёда аз 7 ҳазор дона тухм ба бозорҳои дохилии шаҳр ва навоҳии вилоят, аз ҷумла, Хуҷанд, Чкалов, Б. Ғафуров бароварда мешавад. Дар корхонаи ҶДММ «Дӯстон» 20 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






