Таваҷҷуҳи ҷиддии Душанбе бобати ҳамкорӣ бо Боку
Душанбе, 16.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқот бо Президенти Озарбойҷон зимни изҳороти матбуотӣ иброз дошт.
Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки бо назардошти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар мо умедвориамонро ба густариши фаъолияти сармоягузории соҳибкорони Озарбойҷон дар бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва соҳаи нафту гази Тоҷикистон, истифодаи захираҳои минералӣ, ҳамчунин ба ҳамкории низомҳои бонкии ҳар ду давлат иброз медорем.
Таъкид шуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Озарбойҷон аст. Дар иртибот ба ин Президенти Тоҷикистон афзуд, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад.
Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни изҳороти матбуотиаш таъкид кард, ки мо дар ин самт ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар доираи лоиҳаи ТРАСЕКА, Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар Боку воқеъ аст, манфиатдорем.
Бояд тазаккур дод, ки Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон бо сафари дурӯзаи расмӣ шаби 15 октябр бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе омад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






