Таваҷҷуҳи Президент ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Шумо, соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон мебошед ва ҳадафи асосии баргузор намудани вохӯрии имрӯза мубодилаи афкор ба хотири идома бахшидани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад»,-иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоте, ки имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо соҳибкорон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкор ва сармоягузори ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои ташкили мулоқоти мазкур, аз ҷумла тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯи стандартҳои байналмиллалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддати сармоягузорӣ, инчунин мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ. муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад






