Таваҷҷуҳи ширкати Русия ба бозори Тоҷикистон

Октябрь 13, 2014 15:04

Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти соҳибкорони  узви Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  бо намояндагони  Гурӯҳи  мошинсозии  «КРАНЭКС» — и   шаҳри  Ивановои Федератсияи  Русия  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  мулоқот мушовири  Намояндагии тиҷоратии Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Муҳаммад  Тоштемиров ширкат  дошт. 
«Мулоқот  бо  иштироки  намояндагони  бархе  вазорату  идораҳои  кишвар,  ҳамчунин   роҳбарони   корхонаҳои «Агротехсервис», «Агробизнеси  Тоҷикистон»,  Ҷамъияти  кушодаи саҳҳомии  «Таҷам», Ҷамъиятҳои  масъулияташон  маҳдуди «Тиком»,  «Наврӯз ва М»,  ТАТСИАД аз  таваҷҷуҳи ҷонибайн  ба  рушди  ҳамкорӣ бо  мушорикони  Русия  ва  барқарор  намудани   равобити  мутақобилаи  муфид  шаҳодат  медиҳад», —  зикр  намуд сардори  шуъбаи  кор  бо  аъзои  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  Сайёра Абдуллоева.
Дар  ҷараёни  мулоқот  намояндагони  корхонаҳои  «Агротехсервис», «Агробизнеси  Тоҷикистон» масоили роҳандозии  ҳамкорӣ бо  ширкати   зикршудаи   шаҳри  Ивановоро баррасӣ  намуданд.

Октябрь 13, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад