Телефонҳои боварии «Барқи Тоҷик»

Октябрь 24, 2014 17:01

 
Душанбе, 24.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, инчунин муносибати кормандони соҳаи барқ бо муштариён дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ аз таърихи 27-уми октябри соли ҷорӣ ташкил мешавад.
Ба иттилои сардори маркази матбуоти ин ниҳод Нозирҷон Ёдгорӣ навбатдорон, ки ба таври шабонарӯзӣ хизмат мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд гирифта, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва сари вақт чораҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳафтае ду бор дар назди раиси ширкат баррасӣ мегардад.
«Ҳар як муштарии барқ инчунин  метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии ҳамаи мост, маълумот диҳад. Мо пешакӣ ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳем»-гуфт Н. Ёдгорӣ.
ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ-235-86-74; 235-86-84
 

Октябрь 24, 2014 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад