Темурмалик: омодагӣ ба давраи зимистон
Темурмалик, 1.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Темурмалик ҳамаи корхонаю ташкилотҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд. Дар 46 муассисаи таълимии ноҳия ва се боғчаю 2 интернат дар айни замон 305 тонна ангишт, 340 метри куби ҳезум ва 30 тонна мазут захира шудааст, ки муассисаҳо метавонанд зимистони солҳои 2014-2015-ро бомуваффақият паси сар намоянд.
Тавре ки сардори раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия иброз намуд, матлуботчиёни ноҳия бо истифода аз шароити мавҷуда мағозаҳои фурӯши ангиштро дар ноҳия фаъол гардонида, қисми зиёди муассисаю идораҳоро бо ин намуди сӯзишворӣ таъмин намудаанд.
Муассисаҳои тандурустии ноҳия низ ба ин маъракаи муҳим омодагӣ дида истодаанд.
Беморхонаи марказӣ, ки дорои 10 шуъба ва чор шуъбаи ёрирасон мебошад, бо барқи доимӣ таъмин буда, дар соли ҷорӣ дар он 16,4 тонна ангишт ва 5 метри кубӣ ҳезум захира шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






