Тоҷикистон-мизбони «Дидор»
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 16-ум то 20-уми октябри соли ҷорӣ синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» дар толорҳои Хонаи кино ва кинотеатри «Зебуннисо» бо ширкати синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар он беҳтарин филмҳои авруосиёии ҳунарӣ, мустанад ва анниматсионӣ пешкаши бинандагон мегардад.
Дар ҷашнвораи имсола Тоҷикистонро филми нави коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов ва чанд филми кӯтоҳ эҳтимол аст намояндагӣ кунанд.
Дар назар аст, ки дар симпозиуми шашуми «Дидор», дар Душанбе китоби Комил Ёpматов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи кино, ки бо забони тоҷикӣ таҳия шудааст, муаррифӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин масъулин ният доранд, ки баъд аз ҷамъбасти «Дидор»-и Душанбе фестивали “Эхо Дидор”-ро, ки он ҳам аз намоиши филмҳо иборат аст, дар шаҳрҳои Конибодому Панҷакенти вилояти Суғд баргузор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки панҷумин симпозиуми байналмилалии «Дидор» дар соли 2012 бо муаррифии Қомус ё энсиклопедияи синамои тоҷик оғоз гардид. «Қомуси синамои тоҷик»-ро, ки аввалин маҷмӯаи илмӣ ва таърихӣ дар соҳаи синамо аст, Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум дар давоми чор сол таълиф кардаанд. Он аз 500 саҳифа иборат буда, бо пуштибонии молии Бунёд (Фонд)-и Сорос чоп шудааст.
Хотиннишон мекунем, ки ҷашнвораи «Дидор» соли 2004-ум таъсис ёфта, имсол даври шашуми он баргузор мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






