Тоҷикистону Эрон дар арзҳои дӯстӣ
Душанбе, 10.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Эрон 10 октябр дар Душанбе дар ҷараёни мулоқоти раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ -раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон матраҳ гардид.
Зикр шуд, ки Тоҷикистону Эрон дорои таърих, фарҳанг, забон ва ойини муштарак мебошанд, ки он дар тақвияти равобити гуногунсоҳаи ду кишвари дӯст заминаи мусоид фароҳам овардааст.
С. Хайруллоев нақши Шабистариро ҳамчун Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар густариши муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. С.Хайруллоев гуфт, ки Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон умедвор аст, ки дар оянда ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар дар чаҳорчӯбаи анҷуманҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон таҳким хоҳанд ёфт.
Раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар навбати худ тақвияти ҳамкориҳои ду ниҳоди фарҳангии Тоҷикистону Эронро муҳим маънидод кард.
Дар вохӯрӣ раиси Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Эрон» Мирзо Муллоаҳмадов ва муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарифова ширкат намуда, андешаҳои худро доир ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар изҳор намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






