Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Благовешенск
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш роҳбарияти Маркази фарҳанги миллии «Дӯстӣ» — и ҷамоаи тоҷикон дар шаҳри Благовешенски Федератсияи Русия бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир намуд.
Тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили будубош ва фаъолияти меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокдорони вохӯрӣ аз талаботи нави қонунгузории Русия дар бахши муҳоҷират воқиф шуданд. Дар ҷараёни суҳбат ба саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавриди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозавӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар шароити ба мавқеи иҷро расидани қоидаҳои нав посух дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон бояд фақат бо шиносномаҳои хориҷӣ ба Федератсияи Русия сафар карда, ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани санадҳои иҷозавӣ ҷиҳати фаъолияти меҳнатӣ шаҳодатномаро дар бораи гузаштан аз санҷиш ба манзури донистани забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия пешниҳод кунанд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ то имрӯз дар ҳудуди ФР қариб 400 марказ фаъолият дорад, ки дар онҳо аз санҷишот гузашта ва шаҳодатномаи дахлдорро ба даст овардан мумкин аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






