Вохӯрии рафиқонаи собиқадорони дастаҳои «Спартак» ва «Помир»
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). – 25 октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии рафиқонаи собиқадорони дастаҳои футболи «Спартак» ва «Помир» баргузор гардида, дар он ситораҳои футболи солҳои 70 – 90 – уми асри гузаштаи тоҷик иштирок менамоянд.
Ин вохӯрӣ бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо сафорати Федератсияи Русия дар ҶТ, рӯзномаи «Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг» роҳандозӣ мешавад.
Ба гуфтаи ташаббускори вохӯрии собиқадори футбол Зафар Абдуллоев, Тоҷикистону Русияро риштаҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкории стратегӣ пайваст менамоянд.
24 сол муқаддам дастаи «Помир» дар ҳошияи Мусобиқоти ИҶШС оид ба футбол 13 октябри соли 1990 клуби «Спартак» — и шаҳри Маскавро дар майдони худ қабул намуда, бо ҳисчоби 5:1 ғалаба карда буд. Аз ин пештар дастаи «Спартак» дар шаҳри Маскав бо ҳисоби 6:2 бар дастаи «Помир» пирӯз шуда буд.
Дар вохӯрии рафиқона аз ҷониби дастаи «Спартак» Руслан Неъматуллин, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Вагиз Ҳидоятуллин, Валерий Кечинов, Георгий Яртсев, Валерий Шмаров, Андрей Пятнитский, Юрий Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский, Александр Кокорев иштирок менамоянд.
Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович мураббиҳои дастаи «Спартак» мебошанд, ки ҳар ду солҳои гуногун дар ҳайати ҳамин дастаи номии Русия қувваозмоӣ мекарданд.
Аз ҷониби дастаи «Помир» Андрей Мананников, Станислав Карасёв, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимҷон Рафиқов, Шӯҳрат Мамадҷонов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Эдгар Гесс, Наримон Палабуюк ва дигарон қувваозмоӣ менамоянд. Роҳбарии собиқадорони дастаи «Помир» — ро Мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






