Ёрии Русия ва БРСММ барои аҳолии деҳоти Тоҷикистон

Октябрь 17, 2014 15:48

     Душанбе,17.10.2014.(АМИТ«Ховар», Екатерина Пасторова). -Созишнома миёни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани лоиҳаи «Беҳтарсозии некӯаҳволии як миллион аҳолии деҳоти дар нӯҳ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматкунанда», ки  аз ҷониби Русия маблағгузорӣ  мешаванд, 21 октябр дар Душанбе имзо мегардад.
 
Тибқи иттилои намояндаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон Алексей Рыков, БРСММ дар Тоҷикистон иҷозати Ҳукумати Федератсияи Русияро барои татбиқи  ташаббуси сесолаи «Беҳтарсозии некӯаҳволии як миллион аҳолии деҳот дар нӯҳ ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматкунанда», ки ба таъмини рушди устувори иқтисодии деҳоти ноҳияҳои кишвар равона гардидааст, гирифт .
 
  Натиҷаҳои дарозмӯҳлати асосии лоиҳа беҳтарсозии некӯаҳволии аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ мебошад. Барои ноилшавии натиҷаҳои мазкур дар нақшаи миёнамӯҳлат дар назар аст, ки лоиҳа ба баланд бардоштани машғулиятҳо ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар нӯҳ ноҳияи осебпазири Тоҷикистон бо назардошти иқтидори иқтисодии онҳо мусоидат намояд.
 
Дар маросими имзо намояндагони ҳукумат, сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои донории дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, ҳамчунин созмонҳои дигари миллӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.
 
 

Октябрь 17, 2014 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад