Қадрдонии 500 нафар корманди ВКД
Душанбе, 08.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).-Дирӯз дар Кохи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ — Рӯзи милитсия баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, губернатори вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разаков, сардори РВКД дар вилояти Боткент полковники милитсия Анарбой Алимбеков, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, собиқадорон ва ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Ҷаласаи идонаро вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода ифтитоҳ намуда, аз саҳми беандозаи кормандони милитсия дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар шуда, афзуд, ки ин ҳама талошу заҳматҳо, ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва осудагии ҳаёти мардум равона гардиданд, рамзи садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба сокинони он буд, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аз худ нишон дод.
Ногуфта намонад, ки дар мубориза ва набардҳо садҳо нафар фарзандони содиқи Ватан ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар маъюбу маҷрўҳ гардидаанд, ки мо қаҳрамонию корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Рӯзи милитсия ба зиёда аз 500 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва 45 нафар собиқадор туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






