Қатъи роҳи қочоқи нашъа аз Афғонистон ба ИДМ

Ноябрь 28, 2014 11:31

Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар боз як амалиёти бобарори  қатъи канали қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пешгирӣ карданд.
Аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ҳудуди шаҳри Душанбе мошини боркаши тамғаи «Dulon»  бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар  боздошт гардид. Бо истифода аз саги хизматӣ  аз дохили  он  64 бастаи маводи навъи ҳашиш, ки вазнаш 35 кг-ро ташкил медод, дарёфт шуд.
Мутобиқи маълумотҳои мавҷуда, маводи мусодирагардида ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пинҳонӣ аз вилоятҳои шимолу-шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои интиқоли  минбаъдаи он аз тариқи ҳудуди вилояти Суғд ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.  
Бо гумони омода ва содир кардани ҷинояти мазкур ронандаи мошини боркаш дастгир шуд.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур аз парвандаи ҷиноятӣ оғоз гадидааст. 
 

Ноябрь 28, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад