Ҳаҷми буҷаи давлатӣ тайи 10 моҳи соли ҷорӣ
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 10 миллиарду 471 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, ё 102,9 фоизи нақшаи дақиқшударо ташкил дод.
Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи кишвар, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ тайи даҳ моҳи соли равон 9 миллиарду 393 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он 102,5 фоизи нақшаи дақиқшударо ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, даромади андоз баробари 7 миллиарду 601 миллиону 800 ҳазор сомонӣ буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 1 миллиарду 464 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Мадохили ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии даромад 7,8 фоиз, ё 731 миллион сомониро ташкил дод.
Дар давраи зикршуда хароҷоти буҷети давлатӣ беш аз 8 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 1 миллиарду 219 миллиону 300 ҳазор сомонӣ афзудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






