Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2014 11:53

Душанбе,  14.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).-  Дар  ҳошияи   лоиҳаи  байналмилалӣ, ки  аксарияти  кишварҳоро  фаро  мегирад,  аз  17  то  21  ноябр  Ҳафтаи  ҷаҳонии  соҳибкорӣ  дар  Тоҷикистон  баргузор  мешавад. Мақсад  аз  ин  чорабинӣ баланд  бардоштани  сатҳи  фарҳанги  соҳибкорӣ  ва   рушди  он  дар  байни  ҷавонон  аст. 
Тавре  ки  аз Ассосиатсияи   соҳибкории хурду  миёнаи  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  лоиҳаи  мазкур  бори  нахуст  соли  2006 дар Британияи  Кабир  дар  амал  татбиқ  шуда,  баъдан  хусусияти   байналмилалӣ   пайдо  карда,  ҳар  сол  дар  саросари  ҷаҳон  роҳандозӣ  мешавад. Имсол  Ҳафтаи   ҷаҳонии  соҳибкорӣ  дар  153  кишвар  рӯи  кор омада,   соҳибкорони тамоми  ҷаҳонро муттаҳид  месозад. 
Палатаи  савдои  Амрико  дар  Тоҷикистон  дар  шахсияти  ташкилкунандаи  асосии  ин  чорабинӣ  Даниел  Заретский ҷониби  қабулкунандаи Ҳафтаи  ҷаҳонии  соҳибкорӣ  дар  Тоҷикистон  ба  шумор  меравад. 
Имсол  дар  ҳошияи Ҳафтаи  ҷаҳонии  соҳибкорӣ  ибтикороти нав — Рӯзи  байналмилалии   соҳибкории   занон  роҳандозӣ  мешавад, ки  мақсад  аз он  дастгирӣ  ва тарғиби  соҳибкорӣ дар  байни  занон аст. 

Ноябрь 14, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад