Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Дубай баргашт

Ноябрь 5, 2014 09:46

Душанбе, 5.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз Амороти Муттаҳидаи Араб баргашт. Ҳайати мазкур дар 10-умин даври ҳамоиши ҷаҳонии иқтисоди исломӣ, ки 28-30 октябри соли равон дар шаҳри Дубай доир гардид, ширкат намуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти сарпарастии ноиби раиси Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазир ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум баргузор шуд. Дар Форуми ҷаҳонии иқтисоди исломӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим сухан гуфта, доир ба самтҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маълумот дод.Дар ҷараёни ҳамоиш масоили муҳими марбут ба бахшҳои иқтисод ва сармоягузории исломӣ, бахусус таҳкими сармоягузорӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, ворид намудани дастовардҳои технологияи муосир дар заминаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, маориф, экология, тарбияи кадрҳо дар соҳаи бонкдории исломӣ, фаъолсозӣ ва тавсеаи ширкати занҳо ва насли ҷавон дар соҳаи соҳибкорӣ, сармоягузории зербино ва нақлиёт матраҳ гардид.  Интизор меравад, ки ҳамоиши ояндаи ҷаҳонии иқтисоди исломӣ 10-15 октябри соли 2015 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор хоҳад шуд.

Ноябрь 5, 2014 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст