Ҳалокати донишҷӯдухтар дар садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 13.11.2014. АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз ронандаи мошини тамғаи “Dulan” Собирҷон Шукуров, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Сарбанд ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҷомии пойтахт бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “ВАЗ-2121”, ки ба шаҳрванд Саидғуфрон Калонов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ҳисор тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар навбати худ мошини “ВАЗ-2121” пиёдагард Файзигул Каримова, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии кишварро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ВКД ЧТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






