Ҳамадонӣ: қабули савганди ҳарбӣ
Ҳамадонӣ, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар қисми низомии 21-33-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарияти қисми низомӣ, меҳмонон ва волидайни наваскарон иштирок намуданд. Дар назди ҳозирон 90 нафар ҷавоне, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2014 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми низомии 21-33 шомил гардиданд, савганд ёд карданд. Баъд аз савгандёдкунӣ раиси ноҳия, роҳбарияти қисми низомӣ, меҳмонон ва падару модарон наваскаронро табрик гуфта, зикр карданд, ки ҳифзи марзу буми ватан вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва бояд ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ маҳорату малака омӯхта, барои хизмати Ватан ҳамеша омода бошанд.
Дар ҳамоиш афсарону аскарони қисми низомӣ барои хизматҳои содиқона бо ифтихорнома ва нишонҳо сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






