Ҳидайет Бишчевич: «Бароям сафири ИА дар Тоҷикистон будан шараф аст»
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Сафири фавқулода ва мухтори нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки барояш мояи шарафи бузург аст, ки ҳамчун сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Президенти кишвар супорад.
Сафири тозаинтихоб омодагӣ ва идома додани ҳамкориҳои густурдаву ҳамаҷонибаи Иттиҳоди Аврупоро дар ҳама самту арсаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн бо Тоҷикистон таъкид намуд.
«Дар Иттиҳоди Аврупо обрӯву манзалат ва нуфузи рушдкунандаи Тоҷикистонро хуб дарк мекунанд. Дар ин замина мо изҳори омодагӣ мекунем то ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳаҳои вобаста ба амният ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар мусодати ҳамаҷониба намуда, барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош намоем. Ду ҳафта қабл боз як созишномаи дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 251 млн. евро ба имзо расид, ки дар матни ин созишнома дар асоси ин санади дуҷониба Иттиҳоди Аврупо кумак ва мусоидати худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмин ва пешбурди рушди соҳаҳои деҳот, маориф ва тандурустӣ идома хоҳад дод»,-илова намуд сафири Иттиҳоди Аврупо.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






