Ҳифзи ҳуқуқу манофеи қонунии шаҳрвандони хориҷӣ
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ).- Чанде пеш сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Мансур Орифов дар шаҳри Маскав дар кори мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҷрибаи беҳтарини фаъолияти созмонҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манофеи қонунии шаҳрвандони хориҷӣ» иштирок намуд.
Ин чорабиниро Палатаи ҷамъиятӣ оид ба рушди дипломатияи ҷамъиятӣ ва дастгирии ҳамватанони хориҷӣ бо ибтикори Дафтари созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Маскав роҳандозӣ намуд.
Мувофиқи суханони котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, Мансур Орифов зикр намуд, ки намояндагӣ бо Дафтари созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Маскав ҳамкорӣ дошта, дар он барои ҳифзи ҳуқуқу манофеи шаҳрвандони хориҷӣ ҳимоягар таъйин шудааст. Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки дар ин самт бо созмони ҳифзи ҳуқуқи Маркази ҳамгироии «Муҳоҷират ва қонун» кори судманд анҷом дода мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






