Ҳуҷҷатулло Фағонӣ барои муносиботи дӯстона талош мекунад

Ноябрь 20, 2014 09:59

Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ зимни изҳороти матбуотӣ, ки баъди супоридани эътимоднома 18-уми ноябр дар Қасри Миллат доир гардид, изҳор дошт, ки робитаҳои ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо бисёр хуб аст. Ва иншоллоҳ бо ҳамкории бародарони тоҷик равобити ҳамкориро дар ҳамаи заминаҳо тавсеа медиҳанд. 
Сафири навтаъйин муносиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ва заминаи васеи қарордодӣ — ҳуқуқӣ дорои дурнамои хубу пурманфиат барои ҳарду ҷониб арзёбӣ кард.
Дипломати эронӣ зикр кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон алъон ҳавзаҳои мусоид барои ҳамкориро дорад ва изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаю бисёрҷониба бо  минтақаи мо ҷаҳду талош мекунад.  
 

Ноябрь 20, 2014 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард