Ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ дар ҳошияи Ҳафтаи давлатҳои Авруосиё
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳошияи ҷаласаи умумии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромади ҷинояткорона ва маблағгузории терроризм, ки аз 10 то 14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ оғоз ёфтанд. Намояндагони нуҳ давлати аъзои Гурӯҳи Авруосиё масоили марбут ба ҳуқуқ, назорати мубориза бо маблағгузории нашъаҷаллобӣ, ҷинояткорӣ ва терроризмро муҳокима менамоянд.
Дар кори ҷаласа беш аз 200 нафар вакили Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ба Гурӯҳи кории Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромади ҷинояткорона ва маблағкории терроризм нуҳ давлат: Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
14 давлат ва 18 созмони байналмилалию минтақавӣ мақоми мушоҳидро доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






