Ҷаласаи 22 пленарии Гурӯҳи Авросиё- дар Тошканд

Ноябрь 14, 2014 16:56

Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Имрӯз  ҷаласаи 21 пленарии Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. 
  Аз рӯи иттилои Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласа ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаҳои нави татбиқи рукнҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) мавриди музокираи умумии хозирин қарор гирифт ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокдорони ҷаласа хулосаҳои мувофиқашуда бароварда шуданд.              
    Инчунин дар маҷлис ҳисоботи Котиботи Гурӯҳи Авросиё дар соли 2014 ва нақшаҳои ояндаи котиботи мазкур барои соли 2015 шунида шуд ва барои гузаронидани ҷаласаи 22 пленарии Гурӯҳи АвруОсиё дар моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Тошканд қарор қабул  шуд.

Ноябрь 14, 2014 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад