Ҷаласаи 22 пленарии Гурӯҳи Авросиё- дар Тошканд
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Имрӯз ҷаласаи 21 пленарии Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Аз рӯи иттилои Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласа ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаҳои нави татбиқи рукнҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) мавриди музокираи умумии хозирин қарор гирифт ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокдорони ҷаласа хулосаҳои мувофиқашуда бароварда шуданд.
Инчунин дар маҷлис ҳисоботи Котиботи Гурӯҳи Авросиё дар соли 2014 ва нақшаҳои ояндаи котиботи мазкур барои соли 2015 шунида шуд ва барои гузаронидани ҷаласаи 22 пленарии Гурӯҳи АвруОсиё дар моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Тошканд қарор қабул шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






