Ҷаласаи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул дар Душанбе
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм оғоз шуд.
Ба иттилои Хадамоти матботи Бонки миллиии Тоҷикистон, дар кори ҷаласа намояндагон аз нӯҳ давлати аъзои Гурӯҳи Авросиё — Беларус, Қазоқистон, Қириғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҳиндустон ва Тоҷикистон, давлатҳои мушоҳиди ин Гурӯҳ — Арманистон, Афғонистон, Лаҳистон, Украина, Фаронса ва дигарон иштирок менамоянд. Дар ин ҷаласаҳо ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, дигар гурӯҳҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) низ ҳамчун мушоҳид ширкат меварзанд.
Имрӯз мутобиқи барномаи кории чорабинии мазкур ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории зерини Гурӯҳи Авросиё оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ёрии техникӣ, мониторинги хавфҳо баргузор мегарданд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаҳои имрӯза ҳисоботи намояндагони як зумра давлатҳо доир ба корҳои иҷрошуда дар ин ҷода мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳогузорӣ мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






