Ҷаласаи гурӯҳи хурди Дублин дар АНММ
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- 19 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати сафири Италиё дар Тоҷикистон Риккардо Манара ҷаласаи гурӯҳи хурди Дублин баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони корпусҳои дипломатии Афғонистон, Олмон, Британияи Кабир, СҲШ, Ӯзбекистон, ҳамчунин САҲА, Барномаи рушди СММ ва раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ширкат доштанд.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, иштирокдорони ҷаласа бо вазъияти маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ ва тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши таҳти назорат гирифтани маводи мухаддир, ташкили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои дигар шинос карда шуданд.
Зикр шуд, ки «фақат бо саъю кӯшишҳои якҷояи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст».
Иштирокдорони ҷаласа барои расонидани ёрии ҳамаҷониба ба мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ба манзури афзун намудани иқтидори онҳо ва рушду густариши ҳамкории байналмилалӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавсияҳо ироа намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






